Истанбул, Туркия, 1 июли 2024 с. – КБМ, ки аъзои Гурӯҳи бонки умумиҷаҳонӣ аст, чаҳор қарзҳои бо устуворӣ пайвастаро бо маблағи умумии 250 млн доллари ИМА ба ҶСК "Кока-Кола Ичеҷек" (CCI) аз Туркия ва се корхонаҳои фаръии он дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Ироқ ба имзо расонидааст.
Маблағгузории КБМ ба ширкати CCI, ки истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои байнамиллалӣ аст, дар татбиқи равандҳои истеҳсолии устувор дар чаҳор кишвар, аз он ҷумла коҳиши истифодаи энергия ва об ва такмили амалияҳои иқтисоди даврашакл кӯмак мерасонад. Бар илова, КБМ ширкати CCI-ро дар доираи ӯҳдадориҳои ҷории он дар самти коҳиши камбудиҳои гендерӣ дар ҳайати корӣ, мақомоти идоракунӣ ва Шӯрои нозирони он дастгирӣ менамояд.
"Мақсади ширкати мо – ин эҷоди арзиш барои муштариён, аҳолӣ ва ҷомеаи мо аст. Ҳамчунин, мо тасмим гирифтаем, ки ба ҳаёти одамон, ҷомеаҳо ва сайёра тавассути ташаббусҳои ба устуворӣ нигарон мо таъсири мусбӣ расонем," – мегӯяд Эрдӣ Куршуноғлу, Мудили молиявии ширкати "CCI". "Аҳди мазкур як фарсанги муҳим дар самти комъёб шудани нақшаҳои дарозмуддати рушди ширкати "CCI" дар баъзе бозорҳои рӯбатараққии он мебошад".
Интизорӣ меравад, ки аҳду кӯшишҳои ширкати "CCI" ба таъсири миқёси иқтисод оварда мерасонанд, зеро пешбинӣ шудааст, ки сармоягузориҳо ташкили мустақим ва ғайримустақими ҷойҳои кории бисёр дар чаҳорчӯбаи занҷираҳои таҳвилии ширкат дар чаҳор кишварро дастгирӣ хоҳанд кард. Молияи иқлимӣ аз қисматҳое иборат аст, ки тибқи онҳо 60% маблағҳо ба рушди иқтидори истифодаи шишаҳои коркардшуда ПЭТ, таҷҳизоти каммасраф, лоиҳаҳои манбаҳои барқароршавандаи энергия ва чораҳои сарфаи об равон карда мешаванд.
Таҳкими иштироки занон дар бозори меҳнат ва васеъ кардани имкониятҳои занон, алалхусус дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва шӯрои нозирон, боз як мақсади калидии ширкати "CCI" аст. Ширкати "CCI" тасмим гирифтааст, ки намояндагии занонро байни кормандони нав ва дар сатҳи идоракунанда то соли 2030, мутаносибан, то 35 фоиз ва 40 фоиз мерасонад.
"Тавассути ҳамкориҳо бо ширкати "CCI", мо дар такмили роҳи устувори соҳаи истеҳсоли нӯшокиҳо ва таҳкими амалияҳои саноат кӯмак хоҳем расонд," – мегӯянд Вебке Шлёмер, Директори КБМ дар минтақаи Туркия ва Осиёи Марказӣ. "Маблағгузории мазкур ширкати "CCI"-ро дар татбиқи равандҳои устувори истеҳсолӣ, пешбарии баробарии гендерӣ ва таҳкими ташкили ҷойҳои кор дастгирӣ хоҳад кард. Сармоягузорӣ бо ҳадафу мақсадҳои мо дар самти мусоидат ба рушди фарогири иқтисодӣ тавассути пешбарии такмилу таҳкими занҷираҳои таҳвил, логистӣ ва бахшҳои матлуботии кишварҳои лоиҳавӣ мувофиқа шудааст."
Дар бораи ширкати "CCI"
Ширкати "CCI" – ин ширкати байналмиллалии истеҳсоли нӯшокиҳо аст, ки дар Туркия, Покистон, Қазоқистон, Ироқ, Ӯзбекистон, Бангладеш, Озарбойҷон, Қирғизистон, Иордания, Тоҷикистон, Туркманистон ва Сурия фаъолият мебарад. Ширкати "CCI" нӯшокиҳои газдор ва бегази Ширкати Кока-Кола ва Монстер Энерджи Бевередж Корпорейшн, якҷоя бо консентрати фишурдаи меваҳо, ки тавассусти ширкати фаръии он – Анадолу Этап Ичеҷек (Anadolu Etap Penkon Gıda ve İçecek Ürünleri Sanayi ve Ticaret Anonim Şirketi) амалӣ мешавад, истеҳсол карда ба савдо мебарорад.
Дар ширкати "CCI" бештар аз 10 000 нафар кор карда, ширкат дорои 33 корхонаи шишабандӣ ва 3 корхонаи коркарди меваҳо дар 12 кишвар аст, ки номгӯи васеи нӯшокиҳоро ба аҳолии бештар аз 600 млн нафар пешниҳод мекунад. Бар илова ба нӯшокиҳои газдор, сандуқи маҳсулоти ширкат фишурдаи мева, обҳои гуногун, ва нӯшокиҳои варзишӣ ва энергетикӣ, чойҳои хунук ва қаҳваро дар бар мегирад.
Саҳмияҳои ширкати "CCI" дар Биржаи молиявии "Borsa Istanbul" (BIST) таҳти рамзи "CCOLA.IS" мубодила карда мешаванд.
Дар бораи КБМ
КБМ – аъзои Гурӯҳи бонки умумиҷаҳонӣ – муассисаи бузургтарини рушди глобалӣ мебошад, ки фаъолияташ ба бахши хусусии бозорҳои рӯбатараққӣ равон карда шудааст. Мо дар бештар аз 100 кишвар фаъолият бурда, сармоя, дониш ва таъсири худро барои таъсиси бозорҳо ва имкониятҳои дар кишварҳои рӯбатараққӣ истифода мебарем. Дар тӯли соли молиявии 2023, КБМ маблағи назарраси 43,7 млн доллари ИМА-ро ба ширкатҳои хусусӣ ва ташкилотҳои молиявӣ дар кишварҳои рӯбатараққӣ сармоягузорӣ намудааст, ки иқтидори бахши хусусиро дар самти барҳам додани камбизоатии шадид ва тақвияти беҳбудии муштарак ҳангоми он, ки кишварҳо бо таъсири бӯҳронҳои афзояндаи глобалӣ дучор шуда, онро бартараф карда истодаанд, равон менамояд. Барои маълумоти иловагӣ, лутфан ба сомонаи www.ifc.org ташриф оред
Бо IFC дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос бимонед.
Sign up to have customizable news & updates sent to you.