Story

Чӣ тавр маблағгузории хурд кӯмак кард, то тиҷорати тоҷик дар давраи бемории ҳамагир пойдор бошад

Декабр 19, 2022
Кассандра Колберт, мудири калони IFC дар Осиёи Марказӣ ба ин андеша аст, ки: "Дар Тоҷикистон нақши ширкатҳои хусусӣ дар иқтисод маҳдуд боқӣ мемонад”, ҳамчунин ӯ меафзояд: “Бо роҳандозии дастгирии дуруст, ширкатҳои хусусӣ метавонанд як муҳаррики рушди иқтисодӣ ва омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ бошанд. Ҳамкории мо бо Ҳумо як қисми талошҳои густурдаи IFC барои мусоидат ба афзоиши дастрасӣ ба қарз барои соҳибкорон ва баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ дар ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодӣ аст."

Нуров Фурқат чанде пас аз хатми донишгоҳ дар зодгоҳаш шаҳри Душанбеи Тоҷикистон қаҳвахона кушод.

Мушкили ягона: Моҳи марти соли 2020 буд. Баъди  муддати кӯтоҳе, ки Фурқати 25-сола соҳиби амвол шуд, COVID-19 ба таври куллӣ дар  Тоҷикистон доман паҳн кард ва қариб дари тамоми   корхонаҳоро дар саросари ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки  10 миллион нафар аҳолӣ дорад, баст.

Фурқат он лаҳзаҳоро чунин ба ёд меоварад: «Ман худро тамоман шикаста ҳис  мекардам. Тасаввур кунед,  яку якбора шуморо хатари муфлисшавӣ таҳдид мекунад, бовар кунед, эҳсоси хеле даҳшатнок аст».

Фурқат Нуров нони тоҷикӣ мепазад (Таъм, андоза ва намуди зоҳирии ин навъ нон дар саросари Осиёи Марказӣ гуногун буда, аз ҳам фарқ мекунанд)  Аккос: Нозим Қаландаров.

Фурқат барои наҷоти тиҷораташ аз ташкилоти маблағгузории хурди Ҳумо - шарики IFC қарзи тиҷоратӣ ба даст овард. Маблағи ба даст оварда, имкон дод, то  Фурқат корашро рушд дода, қаҳвахонааш ба фаъолият идома диҳад. Ҳоло ин қаҳвахона  доим серодам аст ва дар як рӯз ба зиёда аз 300 муштарӣ хизмат мерасонад.

Ҳумо, ки беш аз 80 000 муштарӣ дорад, дар рӯзҳои аввали паҳншавии бемории ҳамагир,  роҳи наҷот барои тиҷорати хурд буд, ки фоизи  солонаро, ки  - 7,2 дарсад буд,   се дарсадро коҳиш дод.

Замони ҷоришавии маҳдудиятҳо, ин бонк  минбаъд истифдаи  Humo Online -  барномаеро, ки дастрасӣ ба хидматҳои молиявии рақамиро таъмин сохта ва ба дигар технологияҳои рақамӣ сармоягузорӣ мекунад, роҳандозӣ намуд.  Вақте,  ки баъзе  қарздиҳандагон дар доираи маҳдуд фаъолият ба роҳ монанд, Ҳумо ҳамоно фаъолияти худро дар шакли пешниҳоди  хидматрасониҳои  молиявӣ  идома медод  ва ба оилаҳои дармонда дар пешбурди  тиҷорати хурд кӯмак мекард.

Тавре Фирдавс Маюнусов, директори генералии ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»  мегӯяд: «Аз замони оғози фаъолияти худ соли 2004, Ҳумо бо мушкилоти зиёди беруна, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008 рӯбарӯ шуд,  чунин бӯҳронҳоро танҳо бо заковат,  сабру таҳаммул, маҳорати ҳалли мушкилот ва кори дастаҷамъона паси сар мекунанд».

Барои кӯмак ба Ҳумо дар густариши қарздиҳии худ ба соҳибкорони хурд, IFC дар моҳи феврали соли 2020 ба ин муассиса муодили 2 миллион долларро бо пули сомонӣ  сармоягузорӣ кард. Маблағгузории IFC бо асъори миллӣ бо дастгирии Равзанаи бахши хусусии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ки  сафарбар намудани сармоягузорӣ дар бозорҳои душворро ба ӯҳда дорад, роҳандозӣ гардидааст.

Ин шарикӣ ба Ҳумо кӯмак намуд, ки маблағгузории дарозмуддат бо пули миллиро  дар Тоҷикистон таъмин намояд. Тибқи иттилои Форуми молиявии хурду миёна, холигоҳи маблағгузорӣ барои корхонаҳои хурд ва миёна тақрибан 1,45 миллиард доллар ё 18 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди дучор шудан ба қарзҳои таъхирнопазир ва хароҷоти баланди амалиётӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ба монанди Ҳумо, дар тӯли тамоми пандемия пешниҳоди қарзро идома доданд ва ба муштариён кӯмак карданд, ки ҳаёти худро бо истифода аз қарзҳои хурд дигарбора бозбинӣ намоянд.

Сармоягузорӣ ба Ҳумо бахше аз талошҳои густурдаи IFC барои дастгирии рушди бахши хусусии Тоҷикистон аст, ки дар рушди иқтисоди кишвар нақши бориз дорад.

Иловатан,  муҳити душвори пешбурди тиҷорат ва инфрасохтори кӯҳна, дастрасӣ доштан  ба қарзҳо барои ширкатҳо як мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Бисёриҳо бо се сабаби асосӣ қарзи бонкиро намепазиранд: набудани маблағгузории дарозмуддат, фоизи баланди қарз ва талаботи гарав.

Эҷоди бозорҳои солим, фарогир ва устувори молиявӣ барои рушди бахши хусусӣ ва боз кардани зарфияти соҳибкорон муҳим аст, мегӯянд коршиносон.

Кор бо институтҳои молиявӣ барои баланд бардоштани дастрасии соҳибкорони хурд ба қарз танҳо як қисми фаъолияти IFC дар Тоҷикистон аст. IFC инчунин дар бунёди низомҳои  ҳисоботдиҳӣ дар бораи қарз ва транзаксияҳои таъминшуда кӯмак мекунад, инчунин  бо ҳукумати кишвар, дар  таҳияи Стратегияи миллии фарогир, ки ба додани  қарз ба онҳое, ки ба он бештар ниёз доранд, ҳамкорӣ менамояд.

IFC инчунин барои тавсеаи истифодаи хидматҳои молиявии рақамӣ ва ҷорӣ намудани маҳсулоти инноватсионии маблағгузории хурди манзилӣ барои одамони камдаромад дар манотиқи дурдаст кор мекунад.

Фурқат ва қаҳвахонаи ӯ аз бисёр ҷиҳат гувоҳи иқтидори бахши хусусии Тоҷикистон аст.

Ҳангоме,  ки дар давраи бемории ҳамагири COVID-19  бештари  корхонаҳо баста шуданд, ӯ қарзи Ҳуморо барои таъмири қаҳвахонаи  худ ва харидани таҷҳизоти нав истифода бурда, ба рӯзе, ки қаҳвахонааш барои мардум кушода мешавад, омодагӣ дид.

Дар қаҳвахонаи Нуров - палов (ош) маъмултарин ва яке аз  маҳбубтарин таомҳои Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аккос:  Нозим Қаландаров.

Тамоми ин масъулияти  ӯ ба  моҳи октябри соли 2020 рост омад.  Акнун ин қаҳвахона, ки таомҳои хушмаззаи маҳаллиро омода мекунад ва як роҳрави тобистона ҳам дорад, ба як нуқтаи маҳбуби сокинони гирду атроф табдил ёфтааст.

Фурқат 10 нафар коргари доимӣ дорад, ӯ азм  дорад, ки 100 метри мураббаъ замини дар ҳамсоягӣ бударо гирифта, як макони нишасти зимистона бисозад.  

“Ҳоло ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки қаҳвахонаи  мо ба макони  дӯстдоштаи муштариёни зиёд табдил ёфтааст».

Декабри соли 2022 нашр шудааст